- Мо ҳамагӣ 4 даъво пешниҳод кардем, ҳоло 2 даъвоямон баррасӣ шудааст. Мо тавонистем исбот кунем, ки ин ширкат ба экологияи кишвар зарар расонида, қонуни экологиро вайрон кардааст, - мегӯяд Анора Мамбеталиева, сухангӯи идораи давлатии экологии Қирғизистон.
Идораи экологӣ даъво дорад, ки ширкат партовҳоро рӯи пиряхҳо мерезад, ҳаққи истифодаи обро намепардозад, қаъри заминро нодуруст истифода мебарад ва ғайра.
“Кумтор оперейтинг компани" бо қарори додгоҳ розӣ нест ва ният дорад ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.