Ссылки доступа

Арабистон барои вакилони тоҷик дар Душанбе қаср месозад


Арабистони Саудӣ барои намояндагони ду палатаи порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қаср месозад.

Тавре аз Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон хабар доданд, тарҳи "Маҷмааи порлумонӣ" аллакай омода буда, он дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ ва дар ҷойи бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбею Вазорати кишоварзӣ бунёд хоҳад шуд. Вале мақомот мегӯянд, сармояи ниҳоии ин тарҳ ҳоло дақиқ нест.

Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯро ё порлумони Арабистони Саудӣ, ки ба Душанбе ташриф овард, ин масъаларо дар мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, дар ин замина ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Риёз мувофиқа шуда буд.

XS
SM
MD
LG