Ссылки доступа

Порлумон аз никоҳи ноболиғон ҳимоят накард


Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи никоҳи ҳатмии расмии ноболиғонро қабл аз никоҳи мазҳабӣ рад кард. Ин қарорро порлумони 26 май пазируфтааст.

Лоиҳаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон ба зиндагӣ, тандурустӣ, таҳсил, рушд ва дастрасии онҳо ба муҳлати минималии синни никоҳ равона шуда буд. Ин ҳуҷҷат барои амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии комил дар интихоби ҳамсар ва ҳифзи онҳо аз никоҳи маҷбурӣ таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонун пешбинӣ кардааст, ки дар сурати вайрон шудани меъёри Кодекси оила дар мавриди синни никоҳӣ ҳамаи афроди масъул, аз ҷумла ходимони динӣ ва волидон барои ширкат дар маросими никоҳи ноболиғон, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Чунин тасмим пештар ҳам ба порлумон пешниҳод шуда буд, аммо дафъаи қаблӣ низ рад гардида буд.

Тибқи омори Қирғизистон, никоҳҳои зиёде бе сабти расмӣ баста мешаванд, духтарони зиёдеро низ дар синни ноболиғӣ ба шавҳар медиҳанд. Бисёре аз чунин никоҳҳо дер давом намекунанд ва ба далели набудани сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ мушкилоти зиёдеро ба бор меоранд.

XS
SM
MD
LG