Ссылки доступа

"Ҳафтгона" таҳримҳои зидди Русияро идома дод


Раҳбарони кишварҳои "Ҳафтгона" тасмим гирифтаанд, ки то қарордоди Минск пурра иҷро нашавад, таҳримҳои ҷорӣ зидди Русияро бекор нахоҳанд кард.

Кишварҳои "Ҳафтгонаи бузург" розӣ шудаанд, таҳримҳои зидди Русия барои нақшаш дар нооромиҳои Украина идома ёбад. Дар ин бора Дэвид Кэмерон, сарвазири Бритониё дар нишасти хабарие пас аз баргузории саммити "Ҳафтгонаи бузург" дар Ҷопон иттилоъ додааст.

Дар изҳороти саммит гуфта шудааст, ки раҳбарони кишварҳои "Ҳафтгона" ғасби ғайриқонунии Қримро маҳкум карда, сиёсати эътироф накардани натиҷаҳои райъпурсӣ барои пайвасташавии ин нимҷазира ба Русияро идома хоҳанд дод.

Онҳо инчунин аз ҷонибҳои даргири Украина даъват кардаанд, барои қатъи пурраи амалиёти низомӣ чораҳои ҷиддӣ биандешанд.

Ин тасмими раҳбарони кишварҳои "Ҳафтгона" дар ҳолест, ки муҳлати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Русия дар моҳи июли соли равон ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG