Ссылки доступа

СПАД муборизаро бо таҳдидҳои ҷиноӣ густариш медиҳад


Кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷаъӣ (СПАД) созишномаи муборизаи дастаҷамъӣ бо таҳдидҳои нави ҷиноиро имзо мекунанд, менависад хабаргузории ТАСС.

Рӯзи панҷшанбе дар Еревани Арманистон ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СПАД баргузор шуд. Дар поёни ҷаласа ҷонибҳо ризоият доданд, ки созишномаи муборизаи дастаҷамъӣ бо хатарҳои навро, ки ба амнияти кишварҳои узв таҳдид мекунанд, имзо хоҳанд кард.

Терроризм, ҷиноятҳои байналхалқӣ, ҷиноятҳои марбути маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, бетартибиҳои оммавӣ ва дигар рафторҳое, ки ба амнияти давлату шаҳрвандон хатар доранд, аз ҷумлаи таҳдидҳои нав ба шумор мераванд.

Арманистон, Белорус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви СПАД ҳастанд.

XS
SM
MD
LG