Ссылки доступа

Ҳамлаи ҷангҷӯёни ДИ ба минтақаҳои марзии Сурия


Ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) дар шимоли Сурия ба шаҳрҳое ҳамла менамоянд, ки зери идораи нерӯҳои мухолифони муътадиланд.

Бинобар иттилои Маркази мониторинги нақзи ҳуқуқи инсон дар Сурия, ду рӯз пеш ҷангиёни ДИ ҳамла ба шаҳрҳои Мареа ва Аъзаз, ҳаммарз бо Туркияро оғоз кардаанд.

Рӯзи якшанбе даргириҳо дар канори Мареа ва ду деҳаи Аъзаз идома ёфта, аз Мареа ва ҳудуди он беш аз 6 ҳазор сокини осоишта хонаҳояшонро тарк кардаанд, ки бештари онҳо занон ва кӯдаконанд. Сокинон ба шимоли вилояти Ҳалаб, ки дар идораи "Нерӯҳои демократии Сурия" аст, паноҳ бурдаанд.

Бар асоси иттилои созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, дар пайи ҳамлаи ДИ аз атрофи шаҳри Аъзаз дар умум 165 ҳазор сокин хонаҳояшонро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG