Ссылки доступа

Талаби €450 ҳазор аз Русия барои куштори як оила дар Гюмрӣ


Ворисони хонаводаи Аветисянҳо, ки аз сӯи сарбози рус Валерий Пермяков дар шаҳри Гуюмрӣ кушта шуданд, барои рӯёндани ҷуброни зарари маънавӣ аз Русия ба додгоҳ муроҷиат карданд.

Тавре бахши армании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, барои ҳар узви калонсоли хонавода 50 ҳазоревроӣ ва барои ду кӯдак 100 ҳазоревроӣ ҳамчун зарари маънавӣ талаб шудааст.

"Пардохт нашудани ҷуброни зарари маънавӣ нақзи ошкорои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқ ба зиндагист. Русия узви ин конвенсия буда, вазифадор аст, барои амали сарбози пойгоҳи низомияш дар Гюмрӣ ҷавоб бигӯяд", - гуфтааст Арамазд Кивирян, вакили дифои ворисони хонаводаи Аветисян.

Валерий Пермяков рӯзи 12 январи соли 2015 бе иҷозат масъулияти навбатдорияшро канор гузошта, силоҳ дар даст вориди шаҳр шуд ва ба яке аз хонаҳои маҳаллӣ дар Гюмрӣ дохил гардида, 7 узви хонавода, аз ҷумла ду кӯдакро ҳангоми хобашон ба қатл расонд.

Моҳи августи соли гузашта Додгоҳи низомии Русия Перямковро дар "гурези мусаллаҳона аз артиш, ғорати силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ" айбдор дониста, 10 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG