Ссылки доступа

Фаъолон: "давраи таъқиб" ба Қазоқистон баргаштааст


Аъзои Кумитаи навташкили "Араш" даъват доранд, ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон, ки дар арафаи 21 май дастгир шудаанд, раҳо шаванд.

Аъзои ин комиссия - рӯзноманигорон Ҷонболат Мамай ва Гулҷон Ергалиева, ҳомиёни ҳуқуқ Амонкелдӣ Шорманбоеву Марҷон Исфандиёрова ва сиёсатшинос Расул Ҷумалӣ имрӯз, 30 май зимни нишасти хабарие дар шаҳри Алмаато гуфтанд, "фишорҳо" дар Қазоқистон дубора эҳсос мешавад.

"На ҳама аз ин хабар дорад. Аммо ҳуқуқҳои шахсе, ки зиддаш ҳабси маъмурӣ таъйин шудаасту дар боздоштгоҳ қарор дорад, пурра маҳдуд гардида, ҳатто ҳаққи занг заданро надорад. Рӯзи якшанбе дар боздоштгоҳ чизҳои барояшон овардаро қабул намекунанд", - гуфт Марҷон Исфандиёрова.

Гулморал Букаева, хоҳари яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Макс Букаев, ки дар ҳабси маъмурӣ қарор дорад, мегӯяд, манзили зисти бародарашро дар доираи парвандаи ҷиное нисбати як қатор фаъолон кофтукоб кардаанд.

Мухтор Тойҷон, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва узви комиссияи таъсиснамудаи ҳукумати Қазоқистон барои ислоҳоти замин мегӯяд, талош хоҳад кард, то ин комиссия ва Кумитаи "Араш" ҳамкорӣ намоянд.

Наздики 30 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар миёнаҳои моҳи май дастгир шуданд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозигияшонро ба ислоҳоти замин баён карда, дар бораи эҳтимоли баргузории тазоҳурот дар рӯзи 21 май, ки мақомот барои он иҷоза надоданд, навишта буданд.

XS
SM
MD
LG