Ссылки доступа

Дар Амрико барои наҷоти кӯдак горилларо паронданд (видео)


Дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Синсиннатии ИМА гориллаеро, ки давоми даҳ дақиқа дар дохили қафас писарбачаи чаҳорсоларо кашола кард, кӯштанд.

Ин кӯдак рӯзи 28 май болои девор баромада, ба дохили қафас меафтад. Гориллаи марди маъруф бо лақаби "Харамбе" омада, вайро дар дохили қафас кашола мекунад. Дар қафас ду гориллаи зан ҳам буданд, вале онҳо ба кӯдак наздик нашудаанд.

Гуруҳи амнияти боғи ҳайвонот барои наҷоти кӯдак тасмим гирифтаанд, горилларо кӯшанд. "Оромбахш зуд корагар намешуд", - гуфтааст раиси боғи ҳайвонот Тейн Мейнард.

"Иқдоми саривақтии Гуруҳи амнияти боғи ҳайвонот ҷони кӯдакро наҷот дод. Ҳамаи мо аз рӯх додани ин ҳодиса, ки боиси кушта шудани горилла шуд, бисёр ғамгинем. Зеро ин ҳайвонҳо бе ин ҳам дар ҳолати нобудӣ қарор доранд", - афзудааст вай.

Дари ин боғи ҳайвонот дубора рӯзи якшанбе, 29 май ба рӯи сокинон боз шуда, аммо қафаси гориллаҳо ҳамоно дастнораст боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG