Ссылки доступа

Парвандаи 7 имом-хатиб ба додгоҳ фиристода шуд


Парвандаи 7 имом-хатиби масҷидҳои марказию ҷомеи вилояти Суғд, ки дар таблиғи ақидаҳои созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвонулмуслимин” айбдор мешаванд, барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Бобоҷон Ғафуров фиристода шуд.

Ин ҳафт имом-хатиб, ки аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ дар боздоштгоҳ қарор доранд, бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне узвият дар созмони мамнӯъ айбдор мешаванд. Ин банди қонун бар асоси тағйироте, ки моҳи декабри соли гузашта ба Кодекси ҷиноӣ ворид гардид, барои узвият дар созмонҳои мамнӯи ифротӣ ҷазо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Фаъолияти созмони "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 манъ гардида, то ҳол теъдоди хеле ками шаҳрвандон бо гумони узвият дар он дастгир шудаанд. "Ихвонулмуслимин" созмони байналмилалии динию сиёсӣ буда, соли 1928 дар Миср таъсис ёфтааст. Фаъолияти он ҳоло дар бештари кишварҳо манъ аст.

XS
SM
MD
LG