Ссылки доступа

Расонаҳо: мансабдорони Русияро аз WhatsApp, Viber ва Skype "хориҷ" мекунанд


Вазорати рушди иқтисодии Русия пешниҳод дорад, ки мансабдорон ва низомиёни рус аз истифодаи замимаҳои мобилие, ки аз сӯи хориҷиён эҷод шудаанд, маҳрум гарданд, менависад нашрияи "Коммерсант".

Ин маҳдудият эҳтимол ба почтаи Gmail аз ширкати Google ва паёмакрасонҳои маъруфи WhatsApp, Viber, Skype ва Telegram дахл хоҳад дошт.

Ин пешниҳодро вазорат аллакай ба президенти Русия Владимир Путин расонидааст.

Бо манъ кардани истифодаи танҳо замимаҳои паёмакрасон мумкин аст аудиторияи бештар аз 2,5-миллион нафариро аз даст дод. Ин ҳам аз эҳтимол дур нест, ки қисме аз ин аудитория ё корбаронро замимаи русии Mail.ru соҳиб шавад. Ҳоло ба Mail.ru ва Донишкадаи рушди интернети Русия пешниҳод шудааст, ки паёмакрасони мобилӣ созанд.

XS
SM
MD
LG