Ссылки доступа

Президенти пешини Чад ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи махсуси ҳарбӣ дар ҷаласааш дар Сенегал рӯзи душанбе Ҳиссейн Ҳабрӣ, президенти пешини Чадро дар ҷиноятҳои зидди инсонӣ гунаҳкор дониста, ба ҳукми абад маҳкум кард.

Додгоҳ қарор карда, ки президенти пешини Чад барои куштор ва талоши нобуд кардани мухолифони сиёсии худ дар давраи ҳукумрониаш, аз соли 1982 то 1990 ҷавобгар аст.

Бар асоси иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, Ҳабрӣ дар куштори беш аз 40 ҳазор одам айбдор мешавад. Интиқодгаронаш вайро барои ҷиноятҳои содиркардааш "Пиночети Африқо" ном гузошта буданд. Худи президенти пешини Чад аз ин қарори додгоҳ норозист ва давоми 15 рӯз ҳаққи шикоят аз болои онро дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва қурбониёни зулми Ҳабрӣ 16 сол мубориза бурданд, то вайро дар Сенегал, ки баъди табадуллоти давлатии соли 1990-и Чад ба онҷо паноҳ бурд, ба додгоҳ бикашанд.

XS
SM
MD
LG