Ссылки доступа

Харҷи ҳарбии Аврупо бори аввал дар 10 соли охир боло меравад


Дар пасманзари нигарониҳо аз таҳдидҳои ҳарбии Русия кишварҳои аврупоии НАТО бори аввал дар 10 соли охир кишварҳои аврупоии НАТО харҷи низомии худро зиёд мекунанд. Дар ин бора дабири кулли паймон Йенс Столтенберг дар мусоҳиба бо The Financial Times хабар додааст.

Раҳбари Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯяд, афзоиши буҷаи ҳарбии кишварҳои НАТО дар Аврупо бар пояи пешбиниҳои соли 2016 сурат гирифтааст. "Мо бо номуайянӣ ва таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ рӯбарӯ шудаем ва хостори ваҳдат, тавоноӣ ва субот ҳастем," -- гуфтааст Столтенберг.

Ҳамзамон ӯ таъкид кардааст, ки хуруҷи эҳтимолии Бритониёи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо мумкин аст, ба афзоиши хароҷоти ҳарбии кишварҳои узв таъсиргузор бошад. Столтенберг бо ишора ба махфӣ будани иттилоъ арқому ададеро зикр накард.

The Financial Times мегӯяд, соли гузашта кишварҳои аврупоии НАТО барои ниёзҳои ҳарбӣ 253 миллиард доллар сарф карданд, дар ҳоле ки харҷи низомии ИМА ба 618 миллиард доллар баробар буд. Бо назардошти тавсияе, ки ҳампаймонҳои аврупоӣ бояд 2 дарсади маҳсулоти нохолиси миллии худро ба соҳаи ҳарбӣ харҷ кунанд, эҳтимол меравад, буҷаи низомии онҳо дар НАТТО соле 100 миллиард доллар зиёдтар шавад. Ҳоло харҷҳои ҳарбии ин кишварҳо 1,43 дарсади маҳсулоти нохолиси миллии онҳоро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG