Ссылки доступа

Қатли 16 мусофир аз сӯи ҷангиёни Толибон дар Кундуз


Ҷангиёни гуруҳи "Толибон" рӯзи сешанбе 16 мусофири автобусҳоро дар Афғонистон ба қатл расондаанд. Бар асоси иттилои Франс Пресс, дар ин бора сухангӯии волии Қундуз, ки маҳалли ҳодиса ба ҳисоб меравад, хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, ҷангиёни Толибон дар шимоли Афғонистон мусофиронро аз дохили автобусҳо берун оварда, дасти кам 16 танро кушта, даҳҳо нафари дигарро гаравгон гирифтаанд.

Фармондеҳи пулиси Қундуз Ширазиз Камавал мегӯяд, теъдоди кушташудагон ба 17 тан мерасад.

Гуруҳи тундрави Толибон, ки шумори ҷангиёнаш аз 40 то 60 ҳазор кас арзёбӣ мешавад, баъди анҷоми маъмурияти НАТО дар Афғонистон фаъол гардидааст.

XS
SM
MD
LG