Ссылки доступа

Барандагони ҷоизаи мухолифони сиёсии Қазоқистон эълон шуданд


Сардабири сомонаи мухолифи Nakanune.kz Ғизол Байдалинова, фаъоли ҷамъиятӣ ва овозхон Ҷаннат Есентоев ва ҳамчунин раиси созмони «Журналистони гирифтори мушкил» Розлана Таукина соҳиби ҷоизаи "Свобода"-и Қазоқистон дар соли 2016 шуданд

Дар ин бора намояндаи кумитаи созмондеҳи ҷоиза Игорь Колов хабар дод. Барандагон дар ҷаласаи ин кумита рӯзи 30 май маълум шудаанд. Ҷоиза ба афроде, ки "дар рушди демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ" саҳм гирифтаанд, дар як маросими хос дар Рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ, ки ҳар сол дар Қазоқистон 31 май дар назди бинои НКВД-т пешин Қазоқистон баргузор мегардад, тақдим хоҳад шуд. Ҳоло дар ин бино нигористони ҳунарии «Умай» ҷойгир аст.

Ду барандаи ҷоиза -- сардабири сомонаи мухолифи Nakanune.kz Ғизол Байдалинова ва фаъоли ҷамъиятӣ ва овозхон Ҷаннат Есентоев дар боздотшгоҳ ба сар мебаранд. Байдалинова бо айбномаи нашри иттилои дурӯғ ба якуним соли ҳабс маҳкум шудааст. Вай ин иттиҳомро рад мекунад.

Есентаев рӯзи 17 май дар робита ба тазоҳуроти зидди ислоҳоти замин боздошт ва ду моҳи ҳабс маҳкум гашт.

Ҷоизаи «Свобода», ки маблағе ба ҳамроҳ надорад, аз соли 2003 ба ин сӯ тақдим мегардад.

XS
SM
MD
LG