Ссылки доступа

Таҳдиди бесарпаноҳӣ ба сокинони манзили садамавии Алмаато


Шаби гузашта сокинони як бинои баландошёнаи садамавӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон кӯчонида шуданд. Вазъи ин биноро комиссияи вижа месанҷад. Дар ин бора муовини раиси ноҳияи Алатауи шаҳри Алмаато Шоҳимардон Рисбоев хабар додааст.

- Раиси ноҳия тасмим гирифт, ки сокинони манзилҳои садамавӣ дар меҳмонхонаҳо ҷой дода шаванд, баъди санҷиши комиссия тасмими ниҳоӣ гирифта хоҳад шуд, - гуфт Рисбоев.

Шаби чаҳоршанбеи 1 июн сокинони бинои баландошёнае дар шаҳраки Алгабас-6 аз манзилҳояшон кӯчонида шуданд. Ҳудуди ин бино ҳанӯз ҳам дар муҳосира аст. Ҳафтаҳои охир дар пайи боронҳои тӯлонӣ дар таҳхонаи бино оби зиёд ҷамъ шуд ва биноро ба ҳолати садамавӣ расонид.

Ин дарҳолест, ки бинои мазкур соли гузашта ба истифода дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG