Ссылки доступа

Ҳукми аъзои Раёсати олии ҲНИТ: аз 2 сол то ҳабси абад


Сайдумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит, муовинони раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ рӯзи 2 июн бо қарори Додгоҳи олии кишвар ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Бар асоси иттилои вакилони дифоъ ва наздикони боздоштшудаҳо, Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум гардида, боқӣ аз 14 то 28-солӣ ҳукм гирифтаанд.

Ин аъзои баландпояи ҳизб ба ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта айбдор шудаанд.

Қаблан, дар мурофиаи рӯзи 11 май, айбдкоркунандаи давлатӣ аз додрас хоста буд, ки панҷ узви баландпояи ҳизб - Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷабро ба ҳабси абад маҳкум карда, айбдоршавандаҳои дигарро ба муҳлати тулонӣ, аз 16 то 30 сол зиндонӣ кунад. Барои Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии ҳизб 5 соли зиндон талаб шуда буд.

Ҳамаи айбдоршавандаҳо дар сухани охиринашон худро бегуноҳ хонда, аз додгоҳ ҳукми одилона хостаанд.

XS
SM
MD
LG