Ссылки доступа

Раиси қабристони Хованск дар куштор айбдор шуд


Мақомоти тафтишотии Русия Юрий Чабуев, раиси пешини боздоштшудаи қабристони Ховански Москва ва Александр Бочарников, ҳамраиси созмони "Насли солим"-ро дар ташкили занозанӣ ва куштор айбдор кард.

Дар натиҷаи занозании 14 май дар қабристони Москва се сокини шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 20 муҳоҷири кории дигари тоҷик бистарӣ гардиданд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Москва ин занозаниро "авбошӣ" ва "куштори ду шахс ё зиёда аз он" дар асоси "маслиҳати пешакӣ" хондааст. Ин кумита мегӯяд, ҳоло зидди Чабуев ва Бочарников бо гумони "ташкили ҷиноят" парванда боз шудааст

Ҳамзамон додгоҳ муҳлати ҳабси панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар робита ба қазияи қабристон боздошт шуда буданд, дароз кард. Ин муҳоҷирони кории тоҷик дар "авбошӣ" гунаҳкор шуда, сафорати Тоҷикистон дар Москва мегӯяд, ҳоло барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо вакили дифоъ киро кардааст.

Ёдрас мешавем, 14 май дар қабристони Хованск миёни як гуруҳи ҷиноӣ ва муҳоҷирони кории тоҷик занозанӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, як гуруҳи ҷиноии қафқозӣ аз онҳо талаб кардааст, ки аз ин ба баъд бояд 50% даромадашонро ба онҳо бидиҳанд. Вале муҳоҷирони тоҷик инро рад карданд. Баҳс то занозанӣ ва тирпарронӣ печида, се сокини Роғун кушта шуд.

XS
SM
MD
LG