Ссылки доступа

Бо пуштибонии ИМА дар Сурия фронти зидди ДИ таъсис шуд


Гуруҳҳои курдиву арабӣ, ки аз сӯи ИМА ёрӣ мегиранд, зидди гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар шимоли Сурия фронт таъсис доданд.

Нерӯҳои демократии Сурия ҷониби шаҳри Манбиҷ, ки дар наздикии марзи Туркия ҷойгир аст ва аз сӯи ДИ идора мешавад, пешравӣ доранд. Нерӯҳои демократӣ мехоҳанд, масири интиқоли ҷангҷӯён ва маҳсулоти ДИ-ро банданд.

Бино бар иттилои созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, нерӯҳои демократӣ назорати 16 деҳаро дар 15-километрии шаҳр ба даст овардаанд.

Тавре созмон хабар медиҳад, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии эътилофи низомӣ бо роҳбарии ИМА, дар ин ноҳия 15 сокини осоишта кушта шудааст.

Манбаъҳои беноми ҳукумати ИМА мегӯянд, барои гирифтани ин шаҳр артиши чандҳазорӣ сафарбар шудааст. Ҷанг мумкин аст як ҳафта идома кунад. Қисме аз нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар ин набард ба ҳайси мушовир ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG