Ссылки доступа

Мақомоти Фархор: малахҳо серанд, тухм мемонанду мераванд (видео)


Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор, мақомот омада, кишоварзонро таскин додаанд, ки малахҳо серанду танҳо барои тухмгузорӣ омадаанд.

Мастона Куданова, кишоварзи фархорӣ мегӯяд, “борҳо ба раиси ҷамоат гуфтем, ки малахҳо аз соати 10-и саҳар меоянду то соати 3-и рӯз боқӣ мемонанд. Магар зироати моро намехӯранд? Вай гуфт, онҳо меоянду чизе намехӯранд. Зеро ҳоло вақти тухммонияшон аст. Дар ҳоле ки аз моҳи март ба ин сӯ зироати моро хӯрда истодаанду чизе кишт карда наметавонем".

Деҳқонҳои Сурхоб ҳамасола дар даҳҳо гектар замин гандуму зироатҳои дигар кишт мекунанд ва бо тарбузу харбузаашон маъруфанд. Аммо ҳосили кишти имсолаи онҳо, аз ҷумла тарбузу харбуза тӯъмаи малахи марокашӣ гаштааст. Ин малах ҳоло беш аз 50 гектар замини вилояти Хатлонро "чарогоҳ"-и худ қарор додааст.

Аз соли 2010 дар маҳаллаҳо ситоди мубориза зидди малах ташкил карда мешаваду ҳар сол аз будҷаи вилоят қариб як миллион сомонӣ ҷудо мегардид. Аммо имсол маблағе ҷудо нашудааст.

Власти Фархора утверждают, что саранча сыта и безвредна
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:42 0:00

XS
SM
MD
LG