Ссылки доступа

Додгоҳҳои Петербург аз тағйири ҷинс ҳимоят карданд


Додгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз октябри соли 2015 то майи соли 2016 дар мавриди парвандаҳои тағйири ҳуҷҷати афроди трансгендер панҷ қарори мусбат содир кардаанд. Ҳуҷҷатҳои навро, ки ҷинсияти ин афродро мушаххас мекунад, ду зан ва се мард дарёфт кардааст.

Шуруъ аз соли 2015 идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бе санади ҷарроҳии тағйири ҷинс дигар ин гуна ҳуҷҷат намедоданд. Танҳо дар чанд моҳи охир додгоҳҳо роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо карданд.

Дар бархе аз ҳолатҳо ЗАГС ҷавоби радди худро бо он асоснок мекарданд, ки намунаи аризаро надоранд, дар ҳолатҳои дигар санади ҷарроҳӣ талаб мекарданд. Вале вақте одамон ба додгоҳҳо муроҷиат карданд, дақиқ шуд, ки таҷрибаи байналхалқӣ мегӯяд, санади ҷарроҳӣ ҳатмӣ нест ва набуди намунаи он сабаби радди дарёфти ҳуҷҷат намешавад.

Ба гуфтаи котиби матбуотии гуруҳи ташаббускори ЛГБТ "Баромад" Ника Юриева, пирӯзӣ дар панҷ ҳолати додгоҳӣ муҳим аҳамияти зиёд дорад, аммо дар як ҳолати дигар додгоҳ қарор қабул кард, ки ҳуҷҷатҳои трансгендер ба зудӣ тағйир дода шавад. Зеро афроде, ки тағйири ҷинс кардаанд, бо ҳуҷҷатҳои номувофиқ ба шакли зоҳириашон хеле ранҷ мекашанд.

XS
SM
MD
LG