Ссылки доступа

Centerra Gold Қирғизистонро ба додгоҳи байнулмилалӣ кашид


Ширкати куҳкани Канада Centerra Gold Inc ҳукумати Қирғизистонро огоҳ кардааст, ки баҳси додгоҳии кони тилои Қумтор шуруъ хоҳад шуд. Девони вазирони Қирғизистон мегӯяд, омодаи баррасии масъалаҳои баҳсбарангез аст.

Пештар аз ин Идораи давлатии назорати экологӣ зидди ширкати "Қумтор Голд Компани" - ширкати тобеи Centerra Gold Inc ба додгоҳи байниноҳиявии Бишкеки Қирғизистон чаҳор даъво бурда буд. Идораи назорати экологии Қирғизистон талаб кард, ки барои зарари экологӣ аз ширкат бештар аз 7 миллиард сом (муодили 700 миллион сомонӣ) ҷуброн ситонида шавад. Додгоҳ даъвои идораи экологиро қонеъ кард, аммо ширкати "Қумтор Голд Компани" эълон кард, ки бо ин қарор розӣ нест ва ба зинаҳои болои додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ҳамзамон Centerra Gold Inc ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ омода мешавад.

Идораи давлатии назорати экологӣ баъзе аз ҳуҷҷатҳоро барои коркарди кони Қумтор надода буд. Ба ин сабаб Оҷонсии давлатии геологӣ гуфта буд, ки аз 1 июл иҷозатномаи истихроҷи тилоро бозмехонад. Пештар аз ин гуруҳи тафтишотӣ коргоҳи "Қумтор Голд Компани"-ро бозҷӯӣ карда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои молиро бо худ бурд.

Мутахассисон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд Бишкек дар додгоҳи байналхалқӣ баҳсро хоҳад бохт. Ноуҳдабароии ҷониби Қирғизистон барои идораи саҳмияҳояш дар ширкати канадаии истихроҷи тило борҳо танқид шудааст.

XS
SM
MD
LG