Ссылки доступа

Москва ба Эрон силоҳи таҳоҷумӣ нахоҳад фурӯхт


Русия, сарфи назар аз ҳавасмандии Эрон барои харидани тонк ва ҳавопаймоҳои ҷангандаи русӣ, ба ин кишвар ин навъи силоҳҳоро намефурӯшад.

Тавре роҳбари кулли корхонаи давлатии "Ростех" Сергей Чемезов дар мусоҳиба бо нашрияи "Коммерсант" гуфтааст, таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ фурӯхтани ин навъи силоҳҳоро ба Эрон манъ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Чемезов хабар дод, фурӯши аслиҳае, ки манъ нашудааст, аз ҷумлаи маҷмааи зиддимушакӣ, ба Эрон идома хоҳад ёфт. Москва ният дорад то охири имсол шартномаи фурӯши маҷмааи зиддимушакии С-300-ро пурра ба иҷро расонад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, чаҳор силоҳи навъи ЗРС С-300ПМУ2 "Фаворит" бо арзиши наздики 1 миллиард доллар ба Эрон фурӯхта хоҳад шуд.

Моҳи апрел Теҳрон тасдиқ кард, ки нахустин қисмати маҷмааи зиддимушакии Русияро дастрас кардааст.

Москва шартномаи фурӯши С-300-ро ба Эрон баъди фишорҳои Ғарб ва таҳрими СММ нисбати Теҳрон қатъ кард. Аммо моҳи апрели соли 2015 баъди расидан ба созиш дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон, президенит Русия Владимир Путин фармоне дод, ки тибқи он фурӯши С-300 ба Эрон дубора имконпазир шуд.

XS
SM
MD
LG