Ссылки доступа

Бишкек раисони ҳукуматҳои ИДМ-ро мепазирад


Дар Бишкеки Қирғизистон 7 июн ҷаласаи Шӯрои раисони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад. Дмитрий Медведев, сарвазири Русия аллакай ба Бишкек омадааст. Дар доираи ин сафар интизор меравад Медведед бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мулоқот кунад.

Дар ҷаласаи шӯро 22 масъала баррасӣ гардида, 7 ҳуҷҷат қабул хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Айимкан Кулукеева, зимни ҷаласаи шӯро масъалаҳои табодули иттилоъ дар мавриди садамаҳо дар иншоотҳои энергетикӣ, ҳамкорӣ дар бахши маориф, ҳамкорӣ дар бахши тағйири макони манбаъҳои радиоактивӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Намояндаи вазорат мегӯяд, миёни ҳуҷҷатҳое, ки бояд ба имзо расанд, Конвенсияи ҳифзи агробиологӣ, протоколи ҷараёни танзими хариди давлатӣ ҳастанд.

Бино бар иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар ҷаласаи Шӯрои раисони ҳукуматҳои ИДМ сарвазирони Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова ва Русия ширкат мекунанд. Ҳамчунин ширкати намояндагони расмии Озарбойҷону Арманистон ва Туркманистону Ӯзбекистону Украина дар ин ҷаласа дар назар аст.

XS
SM
MD
LG