Ссылки доступа

Табобати беморони сил дар Тоҷикистон маҷбурӣ шуд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси мурофиавии граждании кишварро имзо кард, ки бар асоси он табибон метавонанд, беморони силро маҷбурӣ бистарӣ кунанд.

Дар кодекси пешина танҳо табобати маҷбурии бемориҳои равонӣ пешбинӣ шуда буд.

Бино бар таҳқиқҳои то соли 2015 аз ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 60 нафарашон гирифтори сил будаанд. Дар ин миён онҳое ҳам ҳастанд, ки ниёз ба табобати фаврӣ доранд, вале ба беморхона намераванд ва ба гуфтаи табибон, хатари сирояти атрофиёнашонро зиёдтар мекунанд. То кунун онҳо танҳо бо роҳи ташвиқу тарғиб дар беморхона бистарӣ мешуданд.

Дар Тоҷикистон ташхису табобати бемории сил ройгон аст, ҳарчанд, бархе беморон шикоят мекунанд, ки на ҳама доруҳоро ройгон дастрас мекунанд.

Соли гузашта бо тағйири “Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ” табибони зиндонҳо ҳақ пайдо карданд, ки маҳсубони гирифтори бемории силро ба истеъмоли доруву хӯрок маҷбур кунанд.

XS
SM
MD
LG