Ссылки доступа

"Левада-центр" ба коҳиши нуфзуи "Русияи воҳид" ишора мекунад


Ҷомеашиносон мегӯянд, вазъияти кунунӣ - "тасодуфӣ" аст ва ният доранд назарпурсии дубора баргузор кунанд

Коҳиши нуфузи "Русия воҳид" - ҳизби ҳокими Русияро "Левада-центр" дар назарпурсии охир, ки 27-30 май баргузор кард, мушоҳида намудааст. Дар ин марҳила танҳо 35 дарсади маҷмуи пурсидашудаҳо омода будаанд, ки ба "Русияи воҳид" раъй диҳанд. Ин нишондод бамаротиб камтар аз рейтингҳоест, ки давоми сол мушоҳида шуда буд, менависад хабаргузории РБК. Моҳи апрел 42 дарсади пурсидашудаҳо омода буданд, ки аз ҳизби ҳоким пуштибонӣ кунанд.

Муовини мудири "Левада-центр" Алексей Гражданкин бар ин назар аст, ки коҳиши нуфузу ҳизби ҳокимро намешавад "лағзиш" шумурд. Вай меафзояд, ин тамоюли охирро метавон бо баргузории назарпурсии навбатӣ санҷид. Сотсиологҳо мегӯянд, вазъияти кунунӣ "тасодуфӣ" аст.

XS
SM
MD
LG