Ссылки доступа

"Росбалт": мошини пулис қариб буд Немтсовро аз марг наҷот диҳад


Дар ин бора манбаъе, ки бо маводи бозпурсии яке аз айбдоршавандаҳои қатли Немтсов - Анзор Губашев ошно аст, хабар медиҳад

Анзор Губашев, яке аз айбдоршавандаҳои қатли Борис Немтсов, сиёсатмадори рус нақл кардааст, ки мошини пулис қариб буд Немтсовро аз сӯиқасд наҷот диҳад. Дар ин бора хабаргузории "Росбалт" бо такя ба манбаъе, ки бо парвандаи қатли Немтсов ошно аст, хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Губашев, чанд лаҳза қабл аз сӯиқасд мошини ҳомили Немтсов дар назди "ҷазираи амн"-и Пули калони Москва қарор мегирад. Сиёсатмадор аз мошин пойин мешавад ва сӯи Майдони сурх раҳсипор мегардад. Қотилоне, ки Немтсовро таъқиб мекарданд, аз тарс намехостанд дунболи вай бираванд, зеро дар ин "ҷазира" як мошини пулис низ истода буд. Қотилон ҳатто тасмим гирифтанд, ки аз нақшаашон даст мекашанд, вале ногоҳ мошини пулис ҳаракат мекунад. Ин замон айбдоршавандагон сӯи Майдони сурх раҳсипор мешаванд ва таъқиби сиёсатмадорро идома медиҳанд.

Борис Немтсов шаби 28 феврали соли 2015 дар болои Пули калони Москва кушта шуд. Бо айби қатли ин сиёсатмадор панҷ гумонбар боздошт шудааст. Тафтишот мегӯяд, фармоишгар ва иҷрокунандаи қатли Немтсов узви пешини баталони "Шимол"-и ВКД Чеченистон Руслан Муҳиддинов аст. Наздикон ва ҳамсафони сиёсатмадор мегӯянд, пушти ин қазия роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров меистад.

XS
SM
MD
LG