Ссылки доступа

Дар маркази Москва пайкараи Ленин бе сар монд (видео)


Дар шаҳри Москва дар робита ба тахриби муҷассамаи Владимир Ленин парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Дар ин бора раёсати корҳои дохилии шаҳри Москва хабар медиҳад.

Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия гуфтааст, парвандаи мазкур дар асоси моддаи 214-и Кодекси ҷиноии ин кишвар - "харобкорӣ" боз гардидааст.

Ба пулиси Москва аз осеб дидани ҳайкалчаи шаҳрӣ дар кӯчаи Климашкин рӯзи 7 июн тақрибан соатҳои 10:30 хабар додаанд. Ҳангоми ҳозир шудани кормандони пулис ба макони ҳодиса муайян шудааст, ки ду шахси номаълум пайкараро тахриб кардаанд.

XS
SM
MD
LG