Ссылки доступа

Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба зарардидаҳои "Домодедово"


Бунёди хайрияи "Авиатсионӣ"-и фурудгоҳи "Домодедово" пардохти ҷубронпулӣ ба зарардидаҳои таркиши террористии соли 2011-ро оғоз кард.

Моҳи май хабар доданд, ки раҳбарияти фурудгоҳ розӣ шудааст, дар доираи парвандаи таркиши "Дмодедово" ҷуброн пардохт кунад. Ин хабар баъди тасмими Кумитаи тафтишотии Русия барои ҳабси дороиҳои фурудгоҳ дар асоси дархости зарардидаҳо нашр шуд.

Манбаи наздик ба яке аз ҷонибҳо гуфт, ҷамъан бояд 150 миллион рубл дода шавад. Нашрияи "Ведомости" мегӯяд, пули пардохтшаванда 450 бор аз ҳаҷми ҷубронпулии гуфтаи Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия камтар аст. Бастрикин ҳаҷми ҷубронро тақрибан миллиард доллар хонда буд.

Игор Трунов, вакили мудофеи яке аз ҷабрдидаҳо гуфтааст, бунёд пули хостаи ҷабрдидаҳро не, балки маблағеро пардохт мекунанд, ки онҳо розӣ шудаанд, бар ивазаш аз даъво зидди раҳбарияти фурудгоҳ сарфи назар кунанд.

Дмитрий Каменшик дар хидматрасонии номутобиқ ба меъёрҳои амниятӣ айбдор шуда, аз моҳи феврал ба ин сӯ дар ҳабси хонагист. Дар натиҷаи таркиши террористие, ки 24 январи соли 2011 аз ҷониби як маргталаб дар толори парвози фурудгоҳи "Домодедово" анҷом дода шуд, 37 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 170 тани дигар захм бардоштанд.

Додситонии кулли Русия аллакай чанд бор аст, аз Кумитаи тафтишотии ин кишвар талаб мекунад, таҳқиқи парвандаи зидди раҳбарияти "Домодедово"-ро қатъ кунад.

XS
SM
MD
LG