Ссылки доступа

Боздошти боз як гумонбари ҳамлаҳои Оқтеппа


Дар вилояти Оқтеппа яке аз ҳафт шахси гумонбар дар ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 5 июн, ки дар кофтукоб буданд, боздошт шуд.

Ин иттилоъро Ернур Бурҳон, муовини ҳокими вилояти Оқтеппа дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ба гуфтаи вай, гумонбарро дар садкилометрии вилояти Оқтеппа, деҳаи Қобда дастгир намудаанд.

Шаби сешанбе хабар доданд, ки дар ноҳияҳои гуногуни Оқтеппа садои тир шунида шудааст. Бурҳон дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфт, дар ҳудуди шаҳр амалиёти боздошти гумонбарон гузаронида намешавад.

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли Алмос Садубаев, сухангӯи ВКД Қазоқистон хабар доданд, ки шахси гумонбар субҳи имрӯз дар деҳаи Қобда дастгир шудааст. Аммо ному насабаш бурда намешавад. Қаблан аз боздошти 7 нафар ба гумони даст доштан дар ҳаводиси Оқтеппа хабар дода буданд.

Рӯзи 5 июн як гуруҳи мусаллаҳ ду фурӯшгоҳи силоҳро ғорат карда, ба қисми низомии Гвардияи миллӣ дар Оқтеппа ҳамла карданд. Дар натиҷаи задухурдҳо наздики 10 одам кушта шуд. Бино бар иттилои ВКД Қазоқистон дар давоми ду рӯз 13 ҳамлагар нобуд шуда, ҷустуҷӯи 6 тани дигар идома дорад.

XS
SM
MD
LG