Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон мошине, ки шаҳрвандонро ба кори маҷбурӣ мебурд, чаппа шуд


Дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон, мошини "УАЗ"-е, ки одамонро ба кори маҷбурӣ ба саҳрои пахта мебурд, чаппа шудааст. Манбаъи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи садама чанд ноболиғ ҷароҳат бардоштааст.

Дар пайи ин садама аз 23 мусофири "УАЗ" 3 нафар бо ҷароҳатҳои сангин дар беморхона бистарӣ шуда, боқимондаҳо баъди ёрии аввалини тиббӣ рухсат ёфтаанд.

Яке аз мансабдорони ҳукумати ноҳияи Зарбдор ба шарти ифшо нашудани номаш ҳодисаи садамаро тасдиқ кард.

- Ҳоло саҳроҳои пахта дар вазъи хеле баде қарор доранд, алаф ҳамаҷоро пур кардааст. Раиси вилояти Ҷиззах ба ҳокимони ноҳияҳо дастур дод, ки сокинони минтақаҳои куҳиро ба саҳроҳои пахта бифиристанд. Набояд мошини борбар мусофиркашонӣ кунад. Вале агар ронандагон бигӯянд, ки мусофиронро ба саҳрои пахта мебаранд, дар ин сурат на БДА ва на каси дигар кордор намешавад. Ин ронандагон одамонро ба монанди ҳезум мекашонанд. Садама маҳз ба хотири ҳамин рух додааст. "УАЗ" мошини калоне нест, мо дар ҳайрат будем, ки чӣ гуна 23 мусофир дар он ғунҷидааст. Ронанда якбора ба самти ҷап ҳаракати тунд кардааст ва дар ин ҳолат садама рух додааст, - мегӯяд мансабдори ноҳияи Зарбдор.

Ёдрас мешавем, ки ин рӯзҳо дар Ӯзбекистон кормандони сохторҳои буҷавиро ба таври маҷбурӣ ба кори саҳро мебаранд. Онҳое, ки саркашӣ мекунанд, таҳдиди хориҷ шудан аз корро мешунаванд. Кормандони бархе аз идораҳои буҷавӣ бар ивази худ мардикор киро карда, ба саҳрои пахта мефиристанд.

XS
SM
MD
LG