Ссылки доступа

Милисаҳои ӯзбек дар таҷовузи ноболиғе айбдор мешаванд


Додситонии ноҳияи Гулистони вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон зидди се корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳраки Баяут парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, нозири умури ноболиғон, нозири минтақавӣ ва як корманди қатории пулиси Баяут гӯиё 13 майи соли равон ба номуси Д.А., донишҷӯи курси 2-уми Колеҷи касбии ноҳияи Гулистон дастдарозӣ кардаанд.

Боздоштшудаҳо ҳоло то эълони ҳукми ниҳоии додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дар идораи пулиси Сурхандарё, ду тани боздоштшудаҳо афсар ва якеашон корманди қатории пулис аст.

"Дар Ӯзбекистон одатан духтар ё зани таҷовузшуда бо марде издивоҷ мекунад, ки ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Албатта, ин гуна ҳолатҳо хеле каманд. Аммо мутаассифона, вазъ дар ин қазия комилан дигар аст. Зеро кормандони пулис дастаҷамъӣ ба номуси духтар расидаанд ва роҳи ягона ҳам ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо аст. Ба ҷуз ин, шоҳидони кофӣ ҳам ҳаст", - мегӯяд манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Вай мегӯяд, барои ин ҷиноят на танҳо раҳбарияти ШКД Баяут, балки раҳбарияти идораи пулиси Сурхандарё ҳам ба ҷавобгарии интизомӣ кашида хоҳад шуд.

Дар сурати исботи гуноҳ, ин се корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Баяут аз 7 то 10 солӣ зиндонӣ хоҳанд шуд.

Ин бори нахуст нест, ки қазияи дастдарозӣ ба номуси як духтар дар Ӯзбекистон расонаӣ мешавад. Моҳи августи соли гузашта ҳам духтаре дар ноҳияи Шумани вилояти Қарақалпоқистони ин кишвар аз сӯи корманди пулис таҷовуз шуду баъдан даст ба худкушӣ зад. Аммо табибон тавонистанд, ҷонашро наҷот диҳанд.

XS
SM
MD
LG