Ссылки доступа

Ҳамлаи хунини ҷангиёни курд дар Туркия


Ҳизби коргари Курдистон (ҲКК) масъулияти таркиш дар ҷанубу шарқи Туркияро ба зимма гирифт.

Дар изҳороти ҲКК аз ҷумла омадааст, 8 июн як маргталаб мошинеро, ки дар он маводи тарканда ҷой дошт, дар назди идораи пулиси шаҳри Мидяти вилояти Мардин, наздикии марзи Сурия тарконид.

Бино бар иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия, дар натиҷаи ин ҳамла, се корманди пулису се сокини осоишта кушта ва даҳҳо тани дигар хахмӣ шудаанд.

Мақомоти Туркия низ гуфтаанд, далелҳое доранд, ки тасдиқ мекунад, таркиши 7 июни Истамбул дар масири ҳаракати мошини пулис ҳам кори ҲКК аст. Дар натиҷаи он таркиш 11 нафар ба ҳалокат расида буд.

Баъди қатъи оташбас миёни Анқара ва ҷангиёни ҲКК теъдоди амалҳои хушунатомез дар Туркия афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG