Ссылки доступа

Дар Фаронса имрӯз мусобиқаи футболи Аврупо оғоз мешавад


Бозии тимҳои Фаронса ва Руминия ин мусобиқаро оғоз мебахшад. Бозӣ дар канораи Порис дар варзишгоҳи "Стад де Франс" баргузор хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ низ дар ҳамин варзишгоҳ 10 июл барпо мегардад.

Дар мусобиқаи "Евро-2016" бори аввал 24 тими миллӣ ширкат мекунад. Ин тимҳо ба шаш гуруҳ тақсим шудаанд.

"Евро-2016", тавре интизор меравад, то ду миллион мухлисро ба тамошо ҷалб хоҳад кард. Баъди террорҳои 13 ноябри Порис, ки дар натиҷаи онҳо 130 сокин кушта шуд, дар кишварҳои Аврупоӣ дар робита ба вазъи амниятӣ нигарониҳо боқӣ мондааст.

Пештар президенти Фаронса Франсуи Олланд иқрор кард, ки хатари ҳамлаҳои террористӣ дар рафти бозиҳои футбол вуҷуд дорад. Дар мусоҳиба бо радиои Фаронса президент хабар дод, ки ба 10 шаҳр барои амнияти бозиҳои футбол 90 ҳазор корманди мақомоти қудратӣ фиристода хоҳад шуд. Фаронса ҳамчунин замима ва ё барномаи мобилиеро роҳандозӣ кард, ки дар сурати сар задани террор сокинонроба воситаи телефонҳои ҳамроҳ огоҳ месозад.

XS
SM
MD
LG