Ссылки доступа

Обама: куштори Орландо ҳамла ба ҳамаи амрикоиҳост


Барак Обама, президенти ИМА куштори 50 нафар дар шаҳри Орландои иёлати Флоридаро "амали террористӣ ва душманӣ" хонда, гуфт, он "ҳамла ба ҳамаи амрикоиҳо" аст.

Шаби шанбе ба якшанбе дар клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо қатли ом сурат гирифта, 50 нафар кушта ва 53 тани дигар бистарӣ гардидаанд.

Бино бар иттилои пулис, шахси мусаллаҳ наздикии соати 2 шаб дохили клуб шуда, оташ мекушояд ва чун кормандони пулис ба макони ҳодиса ҳозир мешаванд, берун баромада, онҳоро тирборон мекунад. Баъдан дубора дохили клуб гардида наздики 30 танро гаравгон мегирад.

Дар натиҷаи амалиёти субҳи якшанбеи кормандони пулис 30 гаравгон озоду ҳамлагар кушта шудааст ва манбаъ мегӯяд, дар ин амалиёт аз нақлиёти зиреҳпӯш истифода кардаанд.

Аз ҳамлагар Умар Сиддиқ Матини 29-сола ном бурда шуда, мегӯянд, вай қаблан садоқаташро ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" эълон карда буд. Аммо пулис таъкид мекунад, ки дар бораи пайванди вай бо ҷиҳодиён далелҳои радшаванда надорад.

XS
SM
MD
LG