Ссылки доступа

Эътирозҳо дар Ереван аз таъсиси сипари ҳавоии ягона бо Русия


Наздик ба 30 нафар дар назди бинои порлумони Арманистон зидди таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоӣ бо Русия гирдиҳамоӣ карданд. Дар ин бора РИА «Новости» хабар додааст.

Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ зидди созишномаи ҳамгироии низомҳои зиддиҳавоии Русия ва Арманистон шиор доданд. Ба гуфтаи Мушега Даниелиён -- яке аз ширкаткунандагони маъракаи "Мо соҳибони ин кишварем", ин санад нерӯҳои зиддиҳавоии Арманистонро зери мудирияти Русия қарор медиҳад ва ин таҳдиде ба амнияти Қаробоғи Кӯҳист.

Аммо мақомоти Арманистон мегӯянд, таъсиси низоми муштарак истиқлолияти нерӯҳои зиддиҳавоии Арманистонро аз байн намебарад. Тавре Эдуард Шармазонов, ноиби раиси порлумон ва дабири матбуотии ҳизби ҳокими Ҷукмҳурихоҳи Арманистон, пештар изҳор дошта буд, дар ин ҳуҷҷат чизе дар бораи Қаробоғи Кӯҳӣ гуфта нашудааст. Вай таъкид кард, ки созишнома ба Арманистон имкон медиҳад, аз зарфиятҳои васеи низоми зиддиҳавоии Русия истифода кунад.

Дар ин байн ҳукумати Арманистон имрӯз масъалаи тасвиби қарордоди мазкурро ба баррасии порлумон пешниҳод накард.

XS
SM
MD
LG