Ссылки доступа

ВКД Қазоқистон: вазъ дар Оқтеппа муътадил шуд


Калмуханбек Қосимов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон мегӯяд, вазъ дар шаҳр ва вилояти Оқтеппа ором шуда, кормандони мақомоти қудратии маҳаллӣ ба ҳолати аввалаи кор баргаштанд.

Қосимов зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Остона гуфт, сар аз 13 июн тадбирҳои "шадид"-и амниятӣ дар Оқтеппа қатъ шуда, нерӯҳои махсус ба макони доимии адои хизмати худ баргаштанд.

Рӯзи 12 июн сатҳи хатари террористӣ дар вилояти Оқтеппа аз "олӣ - сурх" то ба "муътадил - зард" поин бурда шудааст.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон инчунин гуфтааст, ки теъдоди умумии иштирокчиёни ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 5 июн дар Оқтеппа муайян карда шуд. Ба гуфтаи вай, аз 45 нафар 25-тоашон дар ҳамла ба фурӯшгоҳҳои силоҳ иштирок кардаанд.

Қосимов афзудааст, ки таҳқиқи парвандаи ҳодисаҳои Оқтеппа ҳоло ба зиммаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситони кулли Қазоқистон гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG