Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба даҳгонаи кишварҳои барои сайёҳат амн дохил шуд


Маҷаллаи "National Geographic" 10 кишвари муносиб барои саёҳатро ҷудо кардааст, менависад хабаргузории СА-News.

Дар ин рӯйхат, ки номи кишварҳои Арманистон, Никарагуа, Непал, Эрон, Косово, Албания, Тимор, Гурҷистон ва Тунис ҳам ҳаст, Ӯзбекистон дар ҷойи 6-ум қарор гирифтааст.

"Ӯзбекистон барои ҷаҳонгардон кишвари амнтарин буда, маркази Роҳи абрешими афсонавӣ ба ҳисоб меравад", - навиштааст маҷалла.

Ёдгориҳои таърихие дар Самарқанду Бухоро солҳои ахир бозсозӣ шуда, таъмири майдони Регистони Самарқанд ҳам соли гузашта ба поён расидааст.

National Geographic инчунин ба сайёҳон хурдани ош бо гӯшти гусфанд дар ғарби Ӯзбекистон ва лағмон дар тарабхонаҳои канори роҳи ин кишварро тавсия додааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл нашрияи бритониёи The Telegraph 11 сабаберо, ки сайёҳон бояд ба Ӯзбеистон раванд, нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG