Ссылки доступа

Барномаи тафреҳии амрикоӣ харитаи Украинаро бе Қрим нишон дод


Дар сомонаи барномаи тафреҳии футболи ESPN FC навори таҳлилии бозӣ миёни Украинаву Олмон дар Евро-2016 нишон дода шуд, ки онҷо харитаи Укринаро бидуни нимҷазираи Қрим тасвир шудааст.

Ба вижа, дар ин навор шеваи бозии ду тими мунтахаб таҳлил шудааст. Аммо дар аксе, ки дар ибтидои барнома нишон дода мешавад, харитаи Украинаро бидуни Қрим тасвир кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки аз соли 2014 ба ин сӯ, аз замоне, ки Русия Қримро ғасб кард, расонаҳо нимҷазираро аз Украина "мебуранд".

Ба ин тартиб, дар ибтидои соли 2016 намояндагии ширкати Coca-Cola барои Қримро ҳудуди Русия тасвир кардан, узрхоҳӣ карда буд.

Баъдтар, 13 феврали соли 2016, дар барномаи телевизиони украинии «МТВ -плюс» низ Қримро аз Украина ҷудо карда буданд.

Порлумони Украина замони расмии Қримро аз сӯи Русия 20 феврали соли 2014 эълон кардааст. Кишварҳои Ғарбӣ ҳам ғасби Қримро эътироф намекунанд ва зидди Русия таҳрим эълон намудаанд. Русия мегӯяд, ин нимҷазираро ғасб накардааст ва гирифтани Қримро "барқарории адолати таърихӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG