Ссылки доступа

Мухлисони Русия дар Фаронса як рӯз боздошт шуданд


Хабар дода мешавад, ки пулис дар робита ба парвандаи марги як мухлиси бритониёӣ, ки дар занозанӣ бо мухлисони Русия кушта шуд, таҳқиқотро шуруъ кардааст

Мухлисони футболи Русия, ки аз сӯи пулиси Фаронса боздошт шуда буданд, як рӯзи дигар дар боздоштгоҳ мемонанд. Тавре мудири Эътилофи умумирусиягии мухлисон Александр Шпригин хабар медиҳад, ҷониби Фаронса ният дорад "амалиёти тафтишотӣ" гузаронад.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи марги як мухлиси бритониёӣ, ки дар занозаниҳо бо мухлисони Русия ширкат дошт, хабар мерасад.

Бино бар иттилои Шригин, гуруҳи мухлисони Русияро ба Марсел мебаранд. 43 шаҳрванди Русия, ки барои ҳаводорӣ аз футболбозони рус омада буданд, боздошт гардидаанд. Дар ин бора хабаргузории France-Presse иттилоъ медиҳад.

Консулгарии Русия дар ҷараён гузошта шудааст. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия мегӯяд, консулгарӣ аз ҳуқуқҳои мухлисон дифоъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG