Ссылки доступа

Зоиров: "Ҷаноби президент, иди ваҳдатро ба мардум баргардонед!"


Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, "хостори ислоҳи вазъ" дар кишвар шудааст.

Дар ин муроҷиатномаи Зоиров, ки рӯзи 15-уми июн нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки "Тоҷикистон шадидан ба коҳиши ташаннуҷи вазъи геополитикӣ ва ба хусус сиёсати дохилӣ, ниёз дорад".

Раҳматилло Зоиров муътақид аст, "дастоварди муҳими Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ин оштии миллӣ ва ҷашни Рӯзи ваҳдат аст, ки мо ифтихор мекардем, аммо имрӯз ин ид вуҷуд надорад.”

Аз ин рӯ, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, ки ин ҷашни миллиро бо авф кардани маҳкумшудҳое чун Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва фаъолони ҲНИТ, ки ба гуфтаи ӯ, шахсан ба ҷиноят даст назадаанд, ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли кишвар, ба мардуми тоҷик баргардонад.

27 июн дар Тоҷикистон аз ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҳоле таҷлил мешавад, ки раҳбарону фаъолони як ҷониби сулҳ ё дар маҳбасанд ё дар ғурбат.

XS
SM
MD
LG