Ссылки доступа

Сафари кории сарвазири Қазоқистон ба Оқтеппа


Карим Масимов, сарвазири Қазоқистон дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Оқтеппа рафт. Масимов дар ҷараёни ин сафар ба қисми низомии 6655, ки 5 июн дар натиҷаи ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳ ба он се низомӣ кушта шуд, хоҳад рафт.

Инчунин сарвазири Қазоқистон аз беморхонаи шаҳрии Оқтеппа, ки захмиёни ҳаводиси 5 июнро дар он бистарӣ карданд, боздид карда, ба поси қурбониёни ҳамлаҳои мазкур гулчанбар хоҳад гузошт.

Масимовро дар ин сафар вазири энергетика - Канат Бозунбаев, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - Тамара Дуйсенова ва вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоев ҳамроҳӣ доранд.

Рӯзи якшанбе мақомоти Қазоқистон аз анҷоми амалиёти зидди террористӣ, ки дар пайи ҳамлаҳои хунини 5 июн дар вилояти Оқтеппа оғоз шуда буд, хабар доданд. Бино бар иттилои расмӣ, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 8 нафар, 5 сокини осоишта ва се низомӣ ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG