Ссылки доступа

Барак Обама мавқеи Трамп нисбати мусалмонҳоро танқид кард


Дар посух ба даъватҳои нави Трамп, ки мегӯяд вуруди мусалмонҳо аз кишварҳое, ки шаҳрвандонаш зидди ИМА ва иттифоқчиёнаш амалҳои террористӣ анҷом додаанд, ба Амрико манъ карда шавад, президент Барак Обама гуфт, чунин идеяҳо хилофи арзишҳои амрикоӣ ҳастанд.

Барак Обама рӯзи сешанбе номзади эҳтимолӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳони ин кишвар ба мақоми президентӣ Донал Трампро танқид кард. Як рӯз қабл Трамп гуфта буд, ки Обама бо даст кашиданаш аз истифодаи ибораи "исломи радикалӣ" собит мекунад, ки зиракии сиёсӣ барои вай муҳимтар аз амнияти амрикоиҳо аст.

Раиси Палатаи намояндагони ҷумҳурихоҳони Конгрес Пол Райан низ Трампро интиқод кард. "Ман фикр намекунам, ки манъи вуруди мусалмонҳо ба нафъи мо бошад. Ман фикр намекунам, ки чунин қадамҳо баёнгари усулҳои сохтори давлати мо бошанд", - гуфт Пол Райан.

Рӯзи душанбе Доналд Трамп дар робита ба амали террористӣ дар клуби ҳамҷинсгароёни Орландо, ки дар пайи ин амал 50 нафар кушта шуд, чанд изҳорот пахш кард.

XS
SM
MD
LG