Дар ин бора "Фонтанка" бо истинод ба манбааш хабар дода, гуфтааст, ин тасмим 16 июн расман эълон хоҳад шуд.
Ба номи Аҳмад Қодиров гузоштани пули мазкурро комиссияи шаҳрии номгузории Санкт-Петербург пешниҳод карда буд. Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чеҳраҳои шинохтаи Санкт-Петербург, аз ҷумла ҳунарманд Олег Басилашвилӣ ва коргардон Александр Сокуров бо эътироз аз ин қарори комиссия гирдиҳамоӣ карда буданд.
Ин тазоҳурот 6 июн дар Санкт-Петербург баргузор шуда, дар он наздики ҳазор нафар ширкат варзиданд.