Ссылки доступа

Венесуэла бо қаҳтӣ рӯбарӯ гаштааст


Нерӯҳои амниятии Венесуэла дар авҷи ғоратгарӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба камияш 400 нафарро боздошт карданд.

Бино бар хабарҳо издиҳоми хамшгин шиори "Мо хурдан мехоҳем" сар медоданд. Эътирозгарон ба иллати камбуди шадиди ғизо бисёре аз фурӯшгоҳҳоро ишғол ва ғорат карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки ИМА ва Венесуэла мехоҳанд, барои коҳиши ташаннуҷи байни ду кишвар гуфтушунид оғоз кунанд ва Вашингтон ихроҷи Каракасро аз Созмони кишварҳои Амрикоӣ пуштибонӣ намекунад.

Венесуэла дар ҳоле гирифтори бӯҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсии ангезандаи нооромиҳо дар кишвар мешавад, ки яке аз бузургтарин тавлидкунандагони нафти ҷаҳон аст.

ИМА ноиби котиби давлатӣ дар умури сиёсӣ ва дипломати собиқадори умури Амрикои Лотин.Томаса Шэннонро барои танзими равобиташ ба Венесуэла мефиристад.

XS
SM
MD
LG