Ссылки доступа

Баъди "Оқтеппа" зангҳои дурӯғин дар Қазоқистон бештар шудааст


Раёсати корҳои дохилии шаҳри Оқтеппа, ки дар он ҳамлаҳои хунини мусаллаҳона ахиран сурат гирифт, мегӯяд, як сокини 49-солаи маҳаллиро бо гумони расонидани иттилои бардурӯғ дар бораи омодагӣ ба амали террористӣ боздошт кардааст.

Бино бар иттилои ин ниҳод, 11 июн соати 14:27 як зан тавассути телефони мобилӣ ба рақами "102" занг зада, гуфтааст, дар яке аз хонаҳои кӯчаи Каргалинскаяи шаҳри Оқтеппа ба амали террористӣ омодагӣ мебинанд.

Дар натиҷа ба суроғаи мазкур кормандони пулис ва хадамоти махсус сафарбар шуда, он минтақаро муҳосира ва наздики 80 нафарро ба ҷойҳои бехавф интиқол додаанд. Аммо чизи шубҳаноку монанд ба маводи тарканда ёфт нашудааст.

Пулиси Оқтеппа мегӯяд, ин зан хабари дурӯғин расонида, вайро то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар шаҳри Қарағанда бо ин айб як омӯзгори мактаби миёна Юрий Пак ҳам ба додгоҳ кашида шудааст. Аммо вай худро бегуноҳ дониста, мегӯяд, он рӯз телефонашро дар утоқи корӣ монда буд.

Бино бар фарзияи пулис, занги дурӯғин маҳз тавассути телефони гумонбар анҷом шуда, гӯиё садои шахси тамосгиранда ҳам ба садои омӯзгор монанд буд. Аммо ташхиси чандкарата инро исбот нанамудааст.

XS
SM
MD
LG