Ссылки доступа

Отамбоев: танҳо бо нерӯ мушкили терроризмро ҳал карда намешавад


Танҳо бо истифодаи нерӯ мушкили терроризму экстремизмро ҳал кардан номумкин аст. Ин нуктаро Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар суҳбат бо иштирокдорони конфронси байналмилалии мубориза зидди созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар шаҳри Бишкек баён кардааст.

"Барои мо бисёр муҳим аст, ки кишварамон роҳҳои худии кор бо сокинон ва ҳамкории мусбат бо пешвоёни динро барои ба даст овардани ҳадафҳои умумии рушди устувори дунявият дорад. Фаъолияти якҷояи ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои динӣ дар шароити демократӣ ҷойгузини беҳтарини ифротгароии динӣ аст", - гуфтааст Отамбоев.

Бино бар иттилои хадамоти махсуси Қирғизистон, беш аз 500 шаҳрванди ин кишвар ба ҷонибдорӣ аз гуруҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия меҷанганд, ки бештарашон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG