Ссылки доступа

Даъват аз муҳоҷирон ба бастани шартнома бо корфармоён


Сафорати Қирғизистон дар Москва аз муҳоҷирони кории кишвараш дар Русия даъват кардааст, бо корфармоёни худ дар чаҳорчуби қонун шартномаи ҳамкорӣ банданд.

Бино бар иттилои сафорат, бештари шаҳрвандони Қирғизистон ба иллати бесаводии ҳуқуқӣ аз сӯи корфармоён ва шахсони миёнарав фиреб хурда, музди меҳнаташон пардохт намешавад.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 250 муҳоҷири кории қирғиз аз пардохт нашудани маошашон ба ин ниҳод шикоят кардаанд, ки дар умум 10 миллин рублро ташкил медиҳад. "Бештари онҳо бо корфармоён шартнома надоранд ё зери шартномаҳои сохтаву зиди талаботи қонунгузори муҳоҷирати Русия имзо гузоштаанд, - афзудааст манбаъ.

Дар натиҷаи чорандешии сафорати Қирғизистон дар Москва аз аввали соли равон то ҳол ҷамъан 2 миллиону 468 ҳазор рубл маоши муҳоҷирони кории ин кишвар рӯёнда шудааст.

XS
SM
MD
LG