Ссылки доступа

Қазоқистон тавоноии ниҳодҳои қудратияшро афзоиш медиҳад


Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов имрӯз дар Остона изҳор дошт, ки баъд аз рӯйдодҳои Оқтеппа шаҳрвандони кишварашро пеш аз ҳама масъалаи таъмини амният нигарон кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои марбут ба таърифаҳои коммуналӣ, нархи маскан ё ғизо акнун "дуюмдараҷа" шудаанд. Сарвазир рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи муштараки палатаҳои порлумон дар Остона гуфт: «Агар пештар мардум асосан масъалаҳои иҷтимоиро ба миён мегузоштанд, ҳоло таъмини амният дар дохили кишвар ба ҷойи аввал баромадааст."

Ин суханони Масимовро хабаргузории «Новости — Казахстан» нашр намудааст. Вай изофа кардааст, ки ҳукумат дар наздиктарин фурсат тарҳи тағйиру иловаҳоеро ба порлумон пешниҳод хоҳад кард, ки ба "такмили зарфиятҳо"-и ниҳодҳои қудратӣ равона шудаанд, то "шаҳрвандони Қазоқистон осуда бошанд, ки давлат ҳаёти онҳоро ҳифз мекунад".

Ду рӯз пеш аз ин Масимов дар Оқтеппа бо намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дидор дошт. Масимов баъд аз даҳ шабонарӯзи ҳамлаҳои мусаллаҳонае ба ин шаҳр сафар кард, ки бар асари онҳо чаҳор сокини осоишта ва се низомии Қазоқистон кушта шуданд. Ин ҳафта вазорати умури дохилии Қазоқистон эълом дошт, ки дар рӯйдодҳои 5 июн дар Оқтеппа панҷ ғайринизомӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG