Ссылки доступа

Даъвати дипломатҳои амрикоӣ ба саркӯби артиши Сурия


Дипломатҳои амрикоӣ мегӯянд, барои Димишқро ба гуфтушуниди осоишта маҷбур кардан бояд зидди неруҳои ҳукумати Сурия зарбаҳои ҳавоӣ анҷом дода шавад.

Масъулини Департаменти давлатии ИМА бо навиштани як нома аз Кохи сафед даъват доранд, ки зидди низоми Башор Асад ва Сурия иқдомҳои ҷиддитар бигирад.

Дар ин нома, ки бо имзои даҳҳо корманди Департаменти давлатии ИМА дар нашрияи "Уолл-стрит Джорнэл" чоп шудааст, дипломатҳои амрикоӣ гуфтаанд, агар Вашингтон воқеан мехоҳад, ки сунниҳо на аз гуруҳи "Давлати исломӣ", балки аз мавқеи он ҷонибдорӣ кунанд, бояд бештари сокинони Сурияро мутақоид бисозад, ки ҳадафи ягонааш сарнагун кардани режим Асад аст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳоло дигар роҳе ба ҷуз оғози зарбаҳои ҳавоӣ зидди неруҳои ҳукуматии Сурия намондааст.

Муаллифони нома норозигии худ аз сиёсати кунунии ИМА-ро баён карда, ба борҳо вайрон шудани низоми оташбас аз сӯи низомиёни Асад ва амалиёти онҳо бо кӯмаки Русия зидди гуруҳҳои шӯришгаре, ки аз ҷониби Вашингтон ҳимоят мешаванд, ишора кардаанд.

Ин бори нахуст аст, ки дипломатҳои амрикоӣ ба таври дастаҷамъона норозигияшонро аз сиёсати пешигирифтаи Кохи сафед дар робита ба Сурия баён мекунанд.

Департаменти давлатии ИМА навишта шудани чунин нома аз сӯи кормандонашро тасдиқ кардааст. Аммо гуфтааст, то ошно шудани раҳбарияти ин ниҳод бо муҳтавои нома шарҳе нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Дастгоҳи Барак Обама, президенти ИМА мегӯяд, оғози амалиёт зидди ҳукумати Сурия боиси ҷанги рӯирост бо Эрон ё Русия хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG